20:02 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Борон, акс аз бойгонӣ

Боз борон, боз раъду барқ: то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 31 май- Sputnik. Бино бар иттилои Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 31 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои баландкӯҳ эҳтимоли боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 + 10 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +16 +18 ва рӯзона +31 +33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо рӯзона +31 +33 ва шабона +12+14 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
номусоид, борон, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ