Додгоҳи ноҳияи Файзобод як шаҳрванди Эронро ба ҷурмӣ мастӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро нозирони роҳ дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт, дар ҳудуди Ҷамоати доҳоти Меҳробод зимни дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дастгир намудаанд

ДУШАНБЕ, 31 май- Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои расмии Тоҷикистон, дар кишвар як шаҳрванди Эронро ба ҷурми мастӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, додгоҳи ноҳияи Файзобод муҷрим Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  ҷазои маъмурӣ таъин кард.

"Ин шаҳрванди Эронро нозирони роҳ   дар шоҳроҳи Ваҳдат — Рашт, дар ҳудуди Ҷамоати доҳоти Меҳробод зимни дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дастгир намудаанд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ маълум гардидааст, ки ҷабрдида дар баробари шароб истеъмол кардан боз моддаҳои  нашъадор низ истифода  намудааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазо барои қонуншиканони роҳ сангинтар шуд.

Танҳо  дар  Файзобод  барои дар ҳолати мастӣ ё бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, 11 нафар ба додгоҳ кашида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0