Чаҳор тан аз зердастони Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПодозреваемые в наручниках, архивное фото
Подозреваемые в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВУД Тоҷикистон дар пайи амалиёти вижа чор узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи ошӯбгаро Абдуҳалим Назарзодаро (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт кард

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik.  Дар Тоҷикистон чор узви  гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи ошӯбгаро  Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт шуд,  хабар  медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Амалиёти боздошти узви гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро дар Тоҷикистон дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ намоиш додаанд. Муттаҳамонро кормандони Раёсат мубориза бо ҷиноятҳои дастаҷамъии ВКД Тоҷикистон дастгир кардаанд.

ВКД: боздошти боз 3 ҷонибдори Ҳоҷӣ Ҳалим

Ду нафар аз дастгиршудагон Ҳусейн Ҷавови 31-сола ва Назриддин Ноибови 36-сола сокини вилояти Хатлон ва ду муттаҳами дигар- Саъдоншо Назарови 39-сола ва Алишер Ҳасанбекови 40-сола  сокини шаҳри Душанбе мебошанд.

Вазорат онҳоро дар иштироки ошӯби мусаллаҳонаи Абдуҳалим Назарзода, дар соли 2015 муттаҳам мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Назаров ва Ҳасанбеков дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зери дасти генерал Назарзода хизмат мекарданд. 

Дар соли 2014 —2015 гумонбаршудаҳо ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Акбаршо Нусратшоев ҳамроҳ шуда, ба генерали собиқ итоат мекарданд  

Ёдрас мешавем, моҳи сентябри соли 2015 генерал Назарзода, ки симати муовини вазири дифои кишварро дошт, хост даст ба ошӯби мусаллаҳона занад. Субҳи 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба Шӯъбаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳадат ва бахши махсуси Вазорати умури дохила дар Душанбе ҳуҷум кард.

Лентаи хабарҳо
0