Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото
Мужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, якуми июн, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои баландкӯҳ эҳтимоли боридани барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +10 + 15 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +18 +23 ва рӯзона +34 +39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, ҳарорат рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо рӯзона +35 +37 ва шабона +13+15 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0