02:09 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Нахуствазирони Тоҷикистону Узбакистон бовар доранд, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ мебахшад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбакистон сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд, баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

"Дар пойтахти Тоҷикистон дар қароргоҳи ҳукумат мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов баргузор шуд. Тарафҳо масъалаи сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбакистон, ки бояд тирамоҳи соли ҷорӣ сурат бигирад, баррасӣ карданд", — иттилоъ додааст манбаъ.

Нахуствазирҳо бовар доранд, ки сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун такони ҷадид мебахшад. 

Тарафҳо ҳамчунин дар бораи рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва масоили ҷаласаи сарони узви кишварҳои ИДМ, ки имрӯзҳо дар Душанбе баргузор шудааст,  табодули назар карданд.

Қарор аст, раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввоили тирамоҳ бо сафари расмӣ ба Узбакитон равад, хабар медиҳад ТоҷикТа дар истинод ба як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон, ягона масъалаи баҳсбарангези марзие, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст баррасӣ ва бартарф хоҳад кард.

Барчаспҳо:
сафари Эмомалӣ Раҳмон, баррасӣ, Абдулло Орипов, Қоҳир Расулзода, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ