Тифли 9 миллионаи Тоҷикистон ба манзили худ омад

© Дафтари матбуотии шаҳрдории ДушанбеТифли 9-миллионаи Тоҷикистон ба манзили худ омад
Тифли 9-миллионаи Тоҷикистон ба манзили худ омад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хонаводаи тифле, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион расонид, дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе хонаи сеҳуҷрагӣ ҳадя карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Волидайни тифли 9 миллионаи Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.

Ёдрас мешавем, тифле ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион расонида буд, рӯзи 26 май дар таваллудхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе ба дунё омад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат мардуми Тоҷикистонро шахсан шодбош гуфта, ба раиси шаҳри Душанбе дастур дода буд, ки  ин оилаи ҷавон бо манзили истиқоматӣ таъмин гардад.

"Назира Муллоҷонова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омаданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони шаҳрдории Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд",- менависад дафтари матбуотӣ.

Дидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш - Sputnik Тоҷикистон
Модари чоргоник аз масъулини Тоҷикистон тӯҳфаи хотирмон гирифт

Хонаи истиқоматӣ барои волидайни тифли 9-миллионаи Тоҷикистон дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 ҷудо карда шуд.

Волидони хушбахт ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои тӯҳфаи арзишманд изҳори миннатдорӣ карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки донишҷӯе дар Душанбе чоргоник ба дунё овард.

Заррина Неъматова-модари хушбахт, донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст.

Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон модари Заррина — Нигина Убайдуллоева изҳори умедворӣ карда буд, ки дар тарбияи чор кӯдаки навзод Ҳукумати Тоҷикистон ба ин хонавода кӯмак мекунад.

Лентаи хабарҳо
0