20:19 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7901

Рӯзи 2 июн дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чанак, ки ҷануб ва шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, қисмати 35-километрӣ хароб гардид

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Қисмати харобшудаи ҷоддаи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тармим шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи манбаъ,  шӯъбаи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки хидматрасонии ин шоҳроҳро бар дӯш дорад, қисмати 35-метрии харобшудаи ҷодда амалан барқарор шуд ва ба зудӣ мумфарш хоҳад гардид.

Ба гуфтаи дабири матбуъотии ин ширкат, мумфарш кардани ҷодда мушкиле надорад, чун, дар ноҳияи Айнӣ корхонаи мум кор мекунад.

Боришоти шадиди моҳи охир боиси хароб гардидани қисмати ин ҷодда шуда буд.

Рӯзи 2 июн дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чанак, ки ҷануб ва шимоли кишварро ба ҳам мепайвандад, қисмати 35-километрӣ хароб гардид. Гуфта мешуд, мутахассисон далели тахрибшавии роҳро тафтиш мекунанд ва роҳ ба наздикӣ барқарор мешавад.

Барчаспҳо:
таъмир, роҳ, тахрибшавӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ