19:46 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Шаҳри Данғара. Акс аз бойгонӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво то 41 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 6 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +10 + 15 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +38 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.  Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона +36 +38 ва шабона +16+18 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ