00:57 12 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.74
  • RUB0.14
Папка с документами

Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Даврон Шокиров ба ҷойи Иброҳим Қаландаров таъин шуд

Sputnik / Владимир Федоренко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
427 0 0

Мудири кулли "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ" аз симаташ истеъфо дод. Раиси шаҳр ба ҷойи ӯ кадри наверо таъин кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ба "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ"-и шаҳри Хуҷанд раиси нав таъин карда шуд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарори вижаеро ба тавсиб расонида, Даврон Шокировро мудири кулли "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ" таъин кард.

Мудири пешини сарраёсати коммуналӣ Иброҳимов Қаландаров аз симаташ истеъфо додааст.

"Даврон Шокиров то ин дам масъулияти роҳбарии ободонии "Соҳили чап"-и шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошта, солҳои зиёд дар сохтори роҳбарикунандаи  "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ" кору фаъолият менамуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ роҳбари нав гуфтааст, ободонӣ ва  таъмини беҳбудии рӯзгори мардум ва болида сохтани рӯҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад.

"Саҳми кормандони соҳа баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ калон буда, тозагию ободонӣ, бунёдкори ва зебогии  кӯчаҳои шаҳр аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ин соҳа аст",- таъкид доштааст Муҳаммадзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори умедворӣ намудааст, ки Даврон Шокиров дар  ободонии шаҳр саҳмгузорӣ мекунад.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Маъруф Муҳаммадзода, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ