21:13 20 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Сел дар Даштак. Дарвоз, акс аз бойгонӣ

Дар пайи сел дар Лахш дар панҷ деҳа 20 манзил хароб шуд

© Фото: Группа "Дарвоз" в социальной сети Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Дар натиҷаи бориши зиёди борон ва резиши сангтӯда се километр роҳи Ваҳдат – Лахш – Саритош, аз километри 250 то 253 барои муддате баста гардида, пас аз тоза кардани роҳ аз сангтӯда, ҳаракат тариқи ин қитъаи роҳ аз нав роҳандозӣ гардид

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, 5 июни соли равон дар пайи боридани борони зиёд дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшағбаи ноҳияи Лахш сел омада, ҳудуди 20 қитъа  замини наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

"Бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, манзилҳои сокинон низ осеби ҷиддӣ надидаанд. Танҳо як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ иншооти дигари ёрирасон қисман хароб шудаанд",- иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамчунин дар натиҷаи бориши зиёди борон ва резиши сангтӯда се километр роҳи Ваҳдат – Лахш – Саритош, аз километри 250 то 253 барои муддате баста гардида, пас аз тоза кардани роҳ аз сангтӯда,  ҳаракат тариқи ин қитъаи роҳ аз нав роҳандозӣ гардид

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва муайян кардани хисороти расида дар ҷойи ҳодиса комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, чанде пеш ду кӯдак дар ноҳияи Панҷ дар натиҷаи омадани сел ҷон бохтанд.

Сел 16 май, соати 3-4 субҳ омадаасту мардум дар изтироб хонаҳояшонро тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳин модаре кӯдакашро чунон сахт оғӯш кардааст, ки кӯдак нафасгир шудааст.

Модаркалони кӯдаки чорсола бошад, натавонистааст набераашро дорад ва ӯро маҷрои сел бо худ бурдааст.

Барчаспҳо:
сел, Лахш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ