Чор қурбонӣ ва 2 миллион хисорот: зарари офати табиӣ ба Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар офатҳои табиъии баҳорӣ чаҳор тан кушта шуданд. Ду тан аз қурбониён сокини Вахш, як тан сокини Панҷ ва яки дигар сокини Фархор буд.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар моҳи майи соли ҷорӣ офатҳои табиъӣ ба кишоварзии устони Хатлони Тоҷикистон 19 миллиону 540 ҳазор сомонӣ (беш аз 2,1 миллион доллар) хисороти молӣ ворид кард, гузориш додааст ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, офатҳои табиъӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҷомӣ ва Вахш рух доданд.

Бар асоси додаҳои манбаъ, дар офатҳои табиъии баҳорӣ чаҳор тан кушта шуданд. Ду тан аз қурбониён сокини Вахш, як тан сокини Панҷ ва яки дигар сокини Фархор буд.

Сел дар ноҳияи Панҷ 20-то ва дар Фархор 6-то манзили зистро вайрон кард.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш офатҳои табиъӣ аслан ба ширкатҳои кишоварзӣ ва боғу заминҳои сокинони маҳаллӣ осеб расонд.

Пештар хабар дода шуд, ки 5 июни соли равон дар пайи боридани борони зиёд дар деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшағбаи ноҳияи Лахш сел омада, ҳудуди 20 қитъа  замини наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Ҳамчунин дар натиҷаи бориши зиёди борон ва резиши сангтӯда се километр роҳи Ваҳдат — Лахш — Саритош, аз километри 250 то 253 барои муддате баста гардида, пас аз тоза кардани роҳ аз сангтӯда,  ҳаракат тариқи ин қитъаи роҳ аз нав роҳандозӣ гардид

Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва муайян кардани хисороти расида дар ҷойи ҳодиса комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0