19:48 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Султони Кабир, акс аз бойгонӣ

Садҳо ҳазор доллар: хисороти молии "Султони Кабир" муайян шуд

© Фото: sultoni-kabir.tj
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Ҳаҷми хисороти оташсӯзӣ барои соҳибкорон ва бинои бозори "Султони Кабир" 3,5 миллион сомонӣ, муодили 390 ҳазор доллар, ҳисоб шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҳаҷми хисороти оташсӯзӣ дар бозори "Султони Кабир" 3,5 миллион сомонӣ, муодили 390 ҳазор доллар, ҳисоб шудааст, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

"Султони Кабир" яке аз бузургтарин бозори фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, ва қисмҳои эҳтиётӣ,  мебошад.

Тибқи маълумоти ВКД, сӯхтор дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сурат гирифтааст. Зимни тафтишоти сабаби сӯхтор комиссияи махсус хисороти сӯхторро низ муайян кард.  

Сӯхтор дар бинои бозори "Султони Кабир 2-юми июн соати 9 шаб сурат гирифт. "Бар асари сӯхтор 21 мағоза ва анборҳои ин бозор ба коми оташ афтоданд. Масоҳати сӯхтор беш аз 1,2 ҳазор метри квадратиро ташкил намуд.

Кормандони оташнишонии пойтахт сӯхторро дар бозор соати 12 шаб хомуш карданд. Дар натиҷаи сӯхтор касе осеб надидааст.

Барчаспҳо:
сӯхтор, Султони Кабир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ