07:19 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Рукопожатие, архивное фото

Тоҷикистон бо ду кишвари дигар равобити дипломатӣ барқарор кард

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
271 0 0

Тоҷикистон бо Федерасиюни Сент Китс ва Невис равобити дипломатикро роҳандозӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар шаҳри Нюйорк маросми имзо кардани баёнияи муштарак дар бораи роҳандозии равобити дипломатик дар миёни Тоҷикистон ва Федерасиюни Сент Китс ва Невис барпо шуд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Сэм Теренс Кондор, намояндагони ҳамешагии Тоҷикистон ва Федерасиюни Сент Китс ва Невис ин санадро ба имзо расонданд.

Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.

Барчаспҳо:
иртибот, дипломатия, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ