Бори аввал: олими тоҷик аз намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Париж медали тилло овард

© Flickr \ Long ZhengПариж. Архивное фото
Париж. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии Париж ҳамасола доир гардида, Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Китоби "Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо" —и  академик Туғрал Шокиров дар Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж "LIVRE PARIS-2018" соҳиби медали тилло гардид.

Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж ҳамасола доир гардида,  Туғрал Шокиров аввалин олимест, ки бо чунин ҷоиза сарфароз мегардад.

Ба гуфтаи Туғрал Шокиров  дар асари мазкур хусусиятҳои истилоҳоти ҳуқуқ аз лиҳози луғавию  маъноӣ ва сохторию мантиқӣ аз замонҳои қадим то имрӯз таҳқиқ шуда, он метавонад ба густариши асосҳои методологии истилоҳшиносии тоҷик мусоидат кунад.

Асари илмии "Истилоҳоти ҳуқуқ ва вижагиҳои лингвистии онҳо"  дар намоишгоҳи китобҳо, ки сентябри соли 2017 дар Москва ва октябри соли 2017 дар Франкфурти лаби Майн доир шуда буданд, соҳиби ҷоиза гардида, сипас ба Намоишгоҳи китобҳои байналхалқии  Париж роҳ ёфт.

Академик Туғрал Шокиров аз зумраи олимонест, ки асарҳояш асосан ба масъалаҳои забон, адабиёт, таърих, сиёсатшиносӣ, маданиятшиносӣ, услубшиносӣ, истилоҳоту луғатшиносӣ, аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бахшида шуда, соҳиби чандин ҷоизаву дипломҳо гардидааст. Ҳамзамон мавсуф асосгузори   юрислингвистикаи тоҷик буда, роҷеъ ба юрислингвистика ва лингвоюристика тадқиқоти арзишманд анҷом додааст.

Лентаи хабарҳо
0