06:15 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Марде дар назди фаввора

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа паст мегардад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Имрӯз, 12 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +11+ 16 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +15+17 ва рӯзона +34 +36 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ