11:19 19 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.71
  • RUB0.14
Боздошт, акс аз бойгонӣ

Боздошти ҷавони 28-сола бо 100 кило маводи мухаддир ва силоҳ дар Шуғнон

© Фото : ЦОС ФСБ РФ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42602

Ҳангоми боздошт аз муттаҳам 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 3 адад яроқи оташфишон ва 175 дона тир мусодира гардид

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар Шуғнон узви фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо 100 кг маводи мухаддир ва силоҳ дастгир шуд.

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, ҷавони 28-солаеро ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусасан калон дастгир карданд.

Муттаҳам — Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович, соли таваллудаш 1990, аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 3 адад яроқи оташфишон ва 175 дона тир, ки ба таври қочоқ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас намудааст, дастгир карда шуд.

Ҳангоми амалиёти зидди ин гурӯҳи муташаккил се нафар қочоқбарони афғон муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, тавассути дарёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор намуданд. Кормандони мақомоти Тоҷикистон яке аз қочоқбарони афғонро безарар карданд.

Нисбати ҷавони тоҷик бо моддаҳои 335 қисми 1, 289 қисми 3, 195 қисми 2 ва 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
силоҳ, муттаҳам, маводи мухаддир, боздошт, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ