19:49 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин

Раҳмон аз олимони чинӣ даъват кард, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳ карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ҷенҷоуи музофоти Хэнани Чин ба Донишкадаи тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзӣ рафта, бо таҷрибаи пешқадами олимони соҳа шинос шуд.

Масоҳати умумии заминҳои ин маркази илмӣ наздики 400 гектарро ташкил дода, аз Майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ, Майдони намоиши кишоварзии муосир ва Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ иборат мебошад.

Дар майдони озмоишиву тадқиқотии илмии кишоварзӣ барои бунёд ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзи растаниҳо, хок ва нуриҳо, корҳои тадқиқотӣ аз болои лоиҳаи эмбриони ҳайвонот, киштукори дақиқ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зироати ғалладона, ҷуворимакка, пахта, лубиё, кунҷид ва ғайраҳо таҷриба гузаронида мешавад.

Майдони натиҷаҳои тадқиқотии кишоварзии озмоишҳои санҷишиву саноатии инкубатсионӣ барои коркарди тухмӣ, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, маводҳои кимёвии самаранок методҳои беҳтарсозии зотҳои говҳо ва гусфандҳо, махсус гардонида шудааст.

Дар майдони намоиши кишоварзии муосир бошад, барои намоиши илмиву тадқиқотии кишоварзӣ, намоиши натиҷаҳои тадқиқотҳо, муаррифӣ кардани дастовардҳои илмӣ ва гузаронидани таҷриба шароити корӣ фароҳам овардаанд.

Дар маркази намоиши илмиву технологӣ корҳои намоишдиҳӣ, истеҳсолӣ ва сайёҳӣ, мубодилаи технология гузаронид мешавад.

"Дар қитъаҳои алоҳидаи озмоишгоҳ  Эмомалӣ Раҳмон ба парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, пахта, ангур ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, олимони чиниро ба ҳамкорӣ даъват кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Тавре маълум шуд, дар ин ҷо 66 навъи ангур, 96 намуди харбуза ва 68 навъи тарбуз парвариш меёбад. Олимон навъи тарбузи зардро дар гармхонаҳо шинонидаанд, ки аллакай пухта расидааст.

Дар як қитъаи замини озмоишгоҳ баъди дарави ғалла бо даст пахтаи навъи "Юмен 88" шинондаанд ва он ба таври қатрагӣ обёрӣ мешавад.

Ҳамин тухмии пахта дар шароити Тоҷикистон то 50 сентнерӣ ҳосил медодааст ва тухмии он аллакай дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар истифода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо таҷрибаи коргарон раисҷумҳри Тоҷикистон ба дастовардҳову комёбиҳои олимони соҳа баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки мақсади ташриф омухтани таҷрибаи якдигар баҳри рушди соҳаи муҳими иқтисодиёт дар бахши кишоварзӣ мебошад.

Барчаспҳо:
кишоварзӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ