03:06 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Шариф Назарзода, акс аз бойгонӣ

Баъди порагирӣ аз хориҷиҳо: Назарзода гуфт, нозирон забони хориҷӣ ва рафтори некро омӯзанд

© Пресс служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76810

Нозирони БДА-и шаҳри Душанберо мебояд, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани хориҷиён дар баробари хушмуомилагӣ ба донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Сардори Раёсати ВУД дар Душанбе генерал Шариф Назарзода аз молисаҳои пойтахт, бахусус кормандони БДА талаб кардааст, ки муносибати дурст бо шаҳрвандон ва забонҳои хориҷиро омӯзанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, генерал Назарзода бо кормандони раёсат машварати корӣ баргузор кард. Назарзода ёдрас шуд, ки дар соли рушди сайёҳӣ ба Тоҷикистон хориҷиёни бештаре сафар мекунанд.

 "Нозирони БДА-и шаҳри Душанберо мебояд, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани хориҷиён дар баробари хушмуомилагӣ ба донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд",  — таъкид кардааст генерал.

Сардори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Қурбонзода  аз фаъолияти нозирони роҳ ҳисобот дода, зикр намудааст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.

Ёдрас мешавем, пештар расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар бораи рухдоди даст ба ришваситонӣ задани ду нозири роҳи минтақаи Кӯлоб хабар дода буданд.

Бино бар иттилои манбаъ, нозирон аз шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳоле ришва талаб карданд, ки забони хориҷиро балад набуданд ва бо имою ишора пул талаб мекарданд. Раёсати БДА минтақаи Кӯлоб, пас аз ин гузориш кормандони ришваситонашро аз мақом озод кард.

Барчаспҳо:
забономӯзӣ, нозири роҳ, Шариф Назарзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ