11:19 19 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.71
  • RUB0.14
Тобистони Душанбе

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 39 дараҷа гармӣ дар назар аст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо ба 39 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Имрӯз, 13 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  шабона +16+18 ва рӯзона +34 +36 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
гармӣ, тобистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ