02:35 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Масҷид, акс аз бойгонӣ

Дар Суғд аз имомхатибон даъват карданд, ки бо милиса ҳамкорӣ кунанд

© Sputnik / Александр Поляков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Ҳамкории ходимони дин бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имконияти ҷилавгирӣ аз ҷинояткориву табаҳкориро дар ҷомеа дучанд зиёд мекунад

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар Суғд аз имомхатибони шаҳру навоҳӣ даъват карданд, ки бо мақомот ҳамкорӣ намоянд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Раёсати ВУД дар вилояти Суғд бо имомхатибони масҷидҳои марказӣ ва ҷомеи 18 шаҳру навоҳии вилоят мулоқот кардааст. Сардори раёсат генерал Қудратулло Назарзода таъкид доштааст, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ ва табаҳкорӣ дар ҷомеа нақши ходимони дин назаррас аст.

"Имомхатибон шахсони барӯманди ҷомеа мебошанд. Истифода бурдани дин чун сарчашмаи асосии маънавӣ ва ахлоқӣ, дар таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ — экстремистӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила таҷрибаи санҷидашудаест, ки натиҷаи он манфиатбахш аст", — изҳор доштааст вай.

"Ҳамкории ходимони дин бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чунин имконияти созандаю некбинонаро дучанд менамояд", — афзудааст Назарзода.

Моҳҳои июли соли гузашта ба муллоҳои тоҷик тавсия дода шуда буд, ки интернет ва компютерро омӯзанд.

Гуфта мешуд, ин донишомӯзӣ дар пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои қайриқонунӣ муфид хоҳад буд.

 

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, имомхатибон, милиса, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ