02:15 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Новостройки в городе Душанбе, архиное фото

Тоҷикистон аввали ҳафтаро бо обу ҳавои номусоид пешвоз мегирад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9910

Рӯзҳои наздик обу ҳаво номусоид гашта, дар баъзе манотиқи Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон вазиши сахти шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал хоҳад овард.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд обу ҳавои абрноки боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +24 ва рӯзона +33 — +38 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда буда, ҳаво шабона +14 ва рӯзона +29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш буда, ҳаво дар водиҳо шабона +21 ва рӯзона + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрнок буда, эҳтимоли боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона +18 ва рӯзона то +37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

Барчаспҳо:
абрнок, раъду барқ, гармӣ, обу ҳаво, Суғд, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ