00:14 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Кӯчаҳои Душанбе

Роҳбандон: чанд кӯчаи марказии пойтахт баста мешаванд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Бо далели баргузории ҳамоиши байнлмилалӣ дар Душанбе ва ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба пойтахт чанд кӯчаи шаҳр муваққатан баста шуда, самти ҳаракати нақлиёт тағйир меёбад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҳангоми баргузории конфронси байналмилалии об дар шаҳри Душанбе як қисми роҳҳои шаҳр баста мешаванд.

Тавре аз дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додаанд, роҳбандон дар пойтахт аз имрӯз, 19 июн сар шуда, се рӯз идома меёбад.

Ҳамин тавр, аз 12:30 то 14:30 роҳҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то "Кохи миллат", ва  аз 13:00 то 15:00 роҳҳо аз  меҳмонхонаи "Серена" то "Кохи миллат" ва  майдони Дӯстӣ (муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) баста хоҳанд буд.

Аз соати 14:15 то 15:39 роҳҳо аз ҳайкали Сомонӣ то кӯчаи Шерозӣ ва Теҳрон маҳкам мешаванд. Аз соати 15:00 аз ҳайкали Сомонӣ то қароргоҳи Ҳукумати Тоҷикистон барои 20 дақиқа баста мешавад. Аз соати 16:20 то соати 16:40 аз қароргоҳи Ҳукумат то меҳмонхонаи "Серена" ҳаракат мамнӯъ аст. Аз 19:00 то 21:20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар  ҳамаи роҳҳое, ки ба Кохи Наврӯз мебаранд мамнӯъ мешавад. Аз 21:00 то 21:30 роҳҳо аз Кохи Наврӯз то меҳмонхонаи "Серена" баста мешаванд.

Ду рӯзи дигар низ дар Душанбе роҳҳо қисман маҳкам хоҳанд шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", баргузор мешавад.

Қарор аст дар конфронси мазкур беш аз ҳазор нафар аз 100 давлати дунё иштирок намоянд. Дар конфронс сарони кишварҳо ва ҳукуматҳо, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳамоиши мазкур масалаҳои мониторинг, маблағгузорӣ, рушди иқтидор, навоварӣ, технологӣ, илм, усулҳои пешрафта инчунин ҳавасмандгардонии фаъолияти итттилоотӣ ва таблиғотӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Исмоили Сомонӣ, конфронс, Кохи ваҳдат, роҳ, бастан, об, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ