12:58 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
абрӣ, борон, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ