Пул бидеҳу сарбозӣ нарав: боздошти пизишк ба иттиҳоми ришваситонӣ дар Ҳисор

Обуна шудан
Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҷарроҳи Маркази саломатии шаҳри Ҳисорро ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Пизишке дар шаҳри Ҳисор ба иттиҳоми ситонидани 6,5 ҳазор сомонӣ пора дастгир шуд, хабар медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷарроҳи Маркази саломатии шаҳри Ҳисор барои сохтани билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарбӣ маблағи калон талаб кардааст.

"Эгам Нарзиқулов ҷарроҳи Маркази саломатии шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ  ваъда додааст, ки ба номи Муҳиддинов Б.  билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарбӣ омода мекнуд. Ба ин баҳона ӯ пешакӣ  аз шаҳрванд 1300 сомонӣ гирифтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пишишк баъдтар аз Муҳиддинов талаб мекунад, ки боз 5300 сомонӣ диҳад.

 Эгам Назриқулов ҳангоми ситонидани 5200 сомонӣ аз ҷониби кормандони  Ожонси мубориза бо фасод дастгир шуд.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷазо барои ришваситонӣ дар Тоҷикистон сангинтар шуд.

Дар Тоҷикистон бар асоси тасмими порлумон ришвагирон акнун равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Акнун ришвагирон, ки қабл ҷарима мешуданд, барои ин навъи ҷурм ҳабс хоҳанд шуд.

Тоҳир Нурзода, муъовини раиси ожонсии мубориза бо фасодди кишвар дар суханронии худ дар порлумони гуфт, ки бар асоси ислоҳи ин қонун онҳое, ки ба ҷурми ришвагирӣ маҳкум шудаанд, наметавонанд, ки бар ивази ҷаримаи пулӣ ба озодӣ роҳ ёбанд.

Лентаи хабарҳо
0