Академик Раҳим Масов даргузашт

Обуна шудан
Субҳи имрӯз донишманди тоҷикро ба шӯъбаи эҳёгарии яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ карда буданд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Донишманди номии тоҷик, таърихшинос, академик Раҳим Масов имрӯз, 21 июн дар синни 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Пештар хабар дода шуд, ки Раҳим Масови 79-сола ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шудааст.Вазъи саломатии академик Масов имрӯз бад шуда, ӯро оҷилан ба бемористон интиқол додаанд.

Пизишкон маризии академикро сактаи мағзӣ (инсулт) ташхис кардаанд.

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — "таърихи СССР"). Ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карданд.

Лентаи хабарҳо
0