11:00 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Учения МЧС. Архивное фото

Тоҷикистон мехоҳад дар соҳаи мудофиаи гражданӣ мутахассисонашро бозомузӣ намояд

© Sputnik / Александр Викулов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои маркази мниторинг ва ҳамоҳангсозӣ, ки ба коркарди иттилот оид ба ҳолаҳои фавқулодда машғул аст, изҳори назар кардааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва  созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони тоҷикро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, мулоқот дар доираи конфронси байналмилалии сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028" сурат гирифт.

Дар мулоқоти мазкур раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон Назарзода Рустам, дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ В.В. Кувшинова ва роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд. Инчунин дар мулоқот Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов низ ширкат намуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо дар бораи равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои барои тарафҳо манфиатдор табодули назар карданд.

Дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои маркази мниторинг ва ҳамоҳангсозӣ, ки ба коркарди иттилот оид ба ҳолаҳои фавқулодда машғул аст, изҳори назар кардааст. 

Барчаспҳо:
кумита, ҳолатои фавқулода, Сафири Русия, Назарзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ