00:46 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду - се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сафари кории кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Дар ин минтақаъ раисҷумҳур ба бунёди яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла "ТАЛКО Голд" санги асос гузошт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

 Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСП "ТАЛКО Голд", ки аз ҷониби муттахассисон тавассути видеоролик намоиш дода шуд, шинос шуд.

"Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад", — менависад манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
© Пресс-служба президента Таджикистана

Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду — се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт.Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

"Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Русия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад", — таъкид мекунад дафтари матбуотӣ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
© Фото : Пресс-служба президента РТ

Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд.

Бинобар ин, роҳбарияти корхона, хусусан ҷониби Хитойро, ки масъули лоиҳакашӣ ва воридкунандаи технология мебошанд, зарур аст, ки хатти технологиро на танҳо барои унсурҳои асосӣ, яъне тиллову сурма, балки барои унсурҳои ҳамроҳ — нуқра, симоб ва флюорит низ ҳатман ба назар гиранд.

Баъди шиносои бо лоиҳаи ҶСП "ТАЛКО Голд" Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст.  

Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма дар ин корхона аввали соли 2020 ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Барчаспҳо:
истеҳсолот, сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ