10:03 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон заложил первый камень для строительства предприятия по производству прохладительных напитков Сиёма

Бунёди Маҷмааи соҳибкории "Роҳи Абрешим" дар Истаравшан

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8910

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба шаҳри Истаравша барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим" санги асос гузошт

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим" санги асос гузошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Маҷмааи мазкур аз ҷониби соҳибкори Мазбут Бойҷонов дар ҳаҷми 60 миллион сомонӣ сохта мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, маҷмааи мазкур аз 16 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои он маркази савдо, маъмурият, утоқҳои корӣ ва толорҳои конфронс барои гузаронидани ҳамоишҳои тиҷоратӣ бунёд мегарданд. Баъди пурра ба истифода додани иншооти мазкур беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Фармоишгар ва пудратчии бунёди иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Мабдаи Нур" буда, лоиҳа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Архиком ва компания"-и шаҳри Душанбе таҳия шудааст.

Инчунин маҷмааи мазкур дорои меҳмонхона, таваққуфгоҳ барои 92 нақлиёт, толори варзишӣ, спа-салон бо маркази солимгардонии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои 30 нафар ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Инчунин дар вақти сохтмон сохтани майдончаҳои бозии кӯдакона, гулгашт бо гулу буттаҳою дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
маҷмаа, соҳибкор, Суғд, Истаравшан, Роҳи абрешим, санги асос, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ