Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан меҳмонхонаву маркази савдо ифтитоҳ кард

© Фото : Пресс-служба президента РТОткрытие новой школы в Хатлоской области
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Суғд дар шаҳри Истаравшан меҳмонхона “Киропол” ва маркази савдои “Фаровонро”-ро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи "Киропол"-ро дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан ифтитоҳ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Бурҳон Эргашев сохта шуда, маблағи умумии сохтмони бинои меҳмонхона 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода аст.

Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди "ТАЛКО Голд" санги асос гузошт

Сохтмони меҳмонхона соли 2012 оғоз ёфта, он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.

Масоҳати умумии меҳмонхона қариб 1 гектарро ташкил дода, аз 5 ошёна иборат будааст.

Ошёнаи якум аз ҳуҷраи корӣ, тарабхона, толорҳои хизматрасонию конфронс иборат мебошад. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум 20 ҳуҷра мавҷуд буда, дар як вақт барои қабули 40 нафар меҳмон шароит фароҳам оварда шудааст.

Хусусияти хоси ҳар як ҳуҷраи меҳмонхона дар он будааст, ки бо услуби хоси меъморӣ ва унсурҳои зебову назаррабои нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Дар иншооти мазкур 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии "Фаровон" оғози расмӣ бахшид.

Маркази савдо ва хизматрасонии "Фаровон" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо маблағи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда аст. Маркази савдои мазкур аз чор ошёна иборат мебошад.

Дар ин Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ барои омода кардани таомҳои миллию аврупоӣ ва таъсиси 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст.

Дар ошёнаи дуюми ҳамин Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати истеҳсолӣ-ҶДММ "Ноҳид" ва ташкилоти "Фонди Рушди Ҷомеа" коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарони шаҳр фаъолият мекунанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин коргоҳ асосан барои шахсони маъюбе, ки имконияти сухангӯӣ ва шунавоияшон маҳдуд мебошад, ташкил карда шудааст.

Дар ин коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд сафар кард

ҶДММ "Ноҳид" дар асоси технологияи муосир қариб 70 намуди маҳсулоти таҳпӯш ва болпӯши бачагона, занона ва мардона истеҳсол менамояд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар як моҳ зиёда аз 10 ҳазор дона маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, се ҳазор дона либоси таҳпӯши мардона, се ҳазор дона либоси сабуки тобистона, якуним ҳазор дона либосҳои кӯдакони навзод ва 2,5 ҳазор дона либосҳои таҳпӯши занона мебошад.

Маҳсулоти коргоҳи мазкур дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0