05:25 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Рахмон открыл Крепость Муг

Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро ифтитоҳ кард

пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки пурра бозсозӣ шудааст ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-ро, ки пурра бозсозӣ шудааст, ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2017 бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз ёфта, дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ифтитоҳ шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағи умумии корҳои бозсозӣ беш аз 13 миллион сомонӣ ва масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил медиҳад. Дар иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра барои ҷойгир намудани намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон, пешбинӣ шудааст.

Пеш аз иштирок дар ҷамъомади идона раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои аҳли ҳунари шаҳрро тамошо кард.

Дар ҳамин ҳол баъд аз ифтитоҳи маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ" ва тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди фаъолони шаҳри Истаравшан суханронӣ карда, кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик кард.

Барномаи идонаро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.

 

Барчаспҳо:
Истаравшан, Ваҳдати миллӣ, фарҳанг, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ