19:19 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Моҳидорӣ, акс аз бойгонӣ

Ёқубҷон Хушвақтов ва Асадулло Замоновро дар Қубодиён барои сайди моҳӣ дастгир карданд

© Sputnik / Игорь Руссак
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон зарари ба табиат расонидаи номбурдагон 26 ҳазору 650-сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Чанде пеш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи милиса дар масоили экологӣ дар вилояти Хатлон аз лаби соҳили дарёи Кофарниҳони ноҳияи Қубодиёнчанд сокини ноҳияи мазкурро ба иттиҳоми сайди ғайриқонунии моҳӣ дастгир карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳамон —  Ёқубҷон Хушвахтови 21-сола ва Асадулло Замонови 44-сола окинони деҳаи Қиёти ноҳияи мазкур ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд.

"Ҳангоми кофтукови автомашинаи тамғаи "ВА3 2106", ки ба Замонов А.Х. тааллуқ дорад аз дохили бордони автомашинаи номбурда 1-адад дастгоҳи моҳигирии барқӣ, 1-адад заврақи резинӣ, 2-адад акумлятор, 1-ҷуфт пойафзоли махсуси обӣ ва дар 2 — лингчаи сафед моҳиҳои гуногун, ба монанди 29-адад симмоҳии шарқӣ, 500-адад ширмоҳӣ, 1-адад лақамоҳӣ ва 3-адад лақамоҳии туркистониро, ки ғайриқонунӣ сайд намудаанд, дарёфт ва гирифта шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон зарари ба табиат расонидаи номбурдагон 26 ҳазору 650-сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дастгир кардан, сайд, моҳӣ, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ