17:42 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
НФС, акс аз бойгонӣ

Интиқоди вакили парлумон аз гароншавии нархи газу бензин дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28921

Тоҷикистон ба таври комил ба сӯхти воридотӣ аз хориҷ вобаста аст ва ҳар навъ тағйироте дар бозори нафт метавонад мӯҷиби афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар шавад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раиси Ҳизби демократ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз афзоиши қиматҳо дар ин кишвар ба баҳонаи боло рафтани қимати сӯхт интиқод кард, хабар медиҳад "Парс тудэй"

Бино бар иттилои манбаъ, Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки афзоиши қимати сӯхт набояд мӯҷиби гаронии қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон шавад ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз давлат дар ин маврид тавзеҳ хостаанд.

"Масъулони вазоратҳо бо мақомоти ширкатҳои сӯхтрасон дар Русия, Қазоқистон ва Туркманистон дар ҳоли музокира ҳастанд, то роҳе барои коҳиши қимати бензин, солярка ва гази моеъ пайдо кунанд", — таъкид кардааст вай.

"Тоҷикистон ба таври комил ба сӯхти воридотӣ аз хориҷ вобаста аст ва ҳар навъ тағйироте дар бозори нафт метавонад мӯҷиби афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар шавад", — менависад манбаъ.

Ишораи Усмонзода ба афзоиши ахири қимати бензин, соялрка ва гази моеъ дар марокизи сӯхтрасонӣ дар Тоҷикистон аст, ки мутаносибан 15 то 20 дарсад гарон шуда ва рӯйи соири қиматҳо низ таъсир гузоштааст. Акнун як литар гази моеъ дар ин марокиз ба қимати чаҳор сомонию 20 то 50 дирам арза мешавад, ки қаблан се сомонию 50 дирам буд. Ҳамчунин як литр бензин, ки қаблан камтар аз ҳафт сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун ба қимати ҳафт сомонию 20 то 90 дирам арза мешавад. Қимати як литр солярка низ бо афзоиши 40-дирамӣ ба ҳафт сомонию 40 дирам расидааст.

Ба далели надоштани истихроҷи нафту газ дар дохили Тоҷикистон бахши умдаи сӯхти мавриди ниёзи ин кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мешавад. Ҳамакнун як литр бензин дар Узбакистон 52 сент, дар Тоҷикистон 98 сент, дар Қирғизистон 65 сент, дар Қазоқистон 56 сент ва дар Туркманистон 43 сент мебошад.

Барчаспҳо:
бензин, газ, гароншавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ