16:27 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Раисҷумҳур дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Дар Хуҷанд корхонаи нави мебелбарорӣ ифтитоҳ шуд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
236 0 0

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел , верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" корхонави муштараки Тоҷикистону Туркия "Арча — мебел" ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 26 июн дар шаҳри Хуҷанд раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия "Арча — мебел" — ро  ифтитоҳ кард.

"Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия "Арча — мебел" аз тарафи муассисон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фортуна ва Компания"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "УчЮлдиз" — и Туркия бунёд шуд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фортуна ва Компания"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "УчЮлдиз" — и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд.

Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метри мураббаъ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизотҳои технологии корхона аз Туркия, Италия ва Чин ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Белорусия, Туркия, Узбакистон ворид мегардад.

"Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд", — тавзеҳ медиҳад дафтари матбуотӣ.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.

Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда — мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Барчаспҳо:
истеҳсолот, мебел, Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ