18:56 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Таҷлили истиқлол дар Душанбе

Тоҷикистониён Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд

Пресс служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷаншҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷашн бар мувофиқи Фармони раисҷумҳури ҶТ таъин шудааст ва рӯзи 22 майи соли 1998 дар Қонуни “Дар бораи рӯзҳои таҷлилӣ” сабт шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз яке аз ҷашнҳои аслии давлатии Тоҷикистон — Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Имрӯз дар сартосари Тоҷикистон маросиму тадобир ба муносибати ин ҷашн барпо мешавад. Имсол ҷашни аслӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ  Раҳмон тайи чанд рӯзи охир бо сафари корӣ дар ин устон аст, бо ширкати ӯ сохтмонҳои нав ба баҳрабардорӣ мерасад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи 27 июн ҷашни ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Соли 1997  дар Маскав тавофуқномаи умумӣ дар бораи сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷаншҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷашн бар мувофиқи Фармони раисҷумҳури ҶТ таъин шудааст ва рӯзи 22 майи соли 1998 дар Қонуни "Дар бораи рӯзҳои таҷлилӣ" сабт шудааст.

Барчаспҳо:
таҷлил, ҷашн, Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ