15:11 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Ҳамчунин, руасои муассисоти таҳсилотӣ бояд асоси сафари худро исбот кунанд ва ширкати эҳтимолии худ дар маросими байналмилалиро бо раёсати вазорати таҳсилот тавофуқ кунанд.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон аз додситонии кулли кишвар тақозо карданд, ки фармойиши вазорати таҳсилот ва ъулуми кишвар дар бобати қавоиди нави хурӯҷи донишҷӯ, омӯзгор ва пажӯҳишгаронро, ки амалан дари хориҷаро ба рӯи онҳо мебандад, лағв кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба гузориши манбаъ, аз моҳи майи соли ҷорӣ донишҷӯ, омӯзгор ва пажӯҳишгарон наметавонанд, ки бидуни иҷозаномаи расмии вазорати таҳсилот барои таҳсил ё сафари хидматӣ ба хориҷа бираванд.

"Акнун онҳо барои ҳар гуна сафар ба кишварҳои хориҷӣ бояд бо ҳукумат сафарашонро тавофуқ кунанд. Афроде, ки мехоҳанд ба хориҷа бираванд бояд дар муддати 15 рӯз ҷузъиёти сафари худро ва иҷозаномаи вазорати умури хориҷиро ба ҳукумат ироа кунанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин, руасои муассисоти таҳсилотӣ бояд асоси сафари худро исбот кунанд ва ширкати эҳтимолии худ дар маросими байналмилалиро бо раёсати вазорати таҳсилот тавофуқ кунанд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки барои донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳо дарёфти раводид душвор мегардад, онҳо бояд, бастаи аснод — паёми расмӣ бо имзои мудири муассисаи таҳсилотӣ, нусхаи гузарномаи хориҷӣ, зиндагинома, нусхаи даъватнома ба тадбирро ва ниҳоят душворатарини онҳо  — пурсишнома ва исбот кардани ҳадафи сафарро ироа кунанд.

Вале аҷиб аз ҳама ин аст, ки ҳатто кулли аснод ба вазорати таҳсилот ироа карда шавад, вазорат боз метавонад, ки ба сафар иҷоза надиҳад.

Барчаспҳо:
хориҷ, сафар, омӯзгор, донишҷӯ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ