11:47 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
ҳавопаймои ширкати Тоҷик Эйр, акс аз бойгонӣ

Душанбе-Оренбург: хатсайри нави Tajik Air

© Фото: Официальный сайт авиакомпании Tajik Air
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Белетҳо аллакай ба фурӯш гузошта шуда, дастраси харидорон аст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Аз мобайнҳони тобистон парвозҳои ширкати "Тоҷик эйр" то шаҳри Оренбурги Русия мерасад, хабар медиҳад вебгоҳи 56nv.ru.

 Давмонокии парвоз 3 соатро дар бар гирифта,ба нақша гирифта шудааст, ки он аз 30 июл то 22 октябр идома ёбад.

Ширкати "Оренбуржие" афзудааст, ҳавопаймо аз пойтахти Тоҷикистон соати 8:50 парвоз карда, соати 11:50 дар фурудгоҳи шаҳри Оренбург фуруд хоҳад омад. Сипас соати 14:40 аз Оренбург ба Душанбе парвоз ба нақша гирифта шудааст. Мусофирон соати 17:30 ба Душанбе хоҳанд расид.

Пештар ширкати "Тоҷик Эйр" имкони боз намудани хатсайри транзитӣ ба Белгия ва Фаронсаро баррасӣ мекард. Афзун бар ин, ҳамкорони чинӣ, покистонӣ ва ҳиндустонии ширкат дархост карда буданд, ки "Тоҷик Эйр" ба Аврупо хатсайрҳои нав ифтитоҳ кунад. Онҳо мехостанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чун транзит истифода баранд.

Барчаспҳо:
Оренбург, хатсайр, фурудгоҳи Душанбе, Тоҷик Эйр, душанбе, ҳавопаймо, фурудгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ