20:55 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Намоишгоҳи байналмилаии ЭКСПО-2017 дар Остона

Тоҷикистон дар "ЭКСПО-2020” дар Дубай ширкат мекунад

© AFP 2019 / ALEKSEY FILIPPOV
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Барои намоиши колоҳои ҶТ дар ошёни нахуст 230 метри мураббаъ ва барои ҷой додани дафтар, анбор ва сойири сохтмонҳо дар ошёни дувум 200 метри мураббаъ ихтисос хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шариф Саид, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва Омар Шиҳад, муъовини раиси "ЭКСПО-2020"- ахиран дар Дубай ширкати ҶТ дар намойишгоҳи ҷаҳонии "ЭКСПО-2020"-ро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои маркази матбуотии утоқи бозаргонӣ ва саноеи Тоҷикистон, дар мулоқот аз ҷумла, масоили тарроҳиву оройиш ва умури сохтусози ғурфа (павилион), таъмин ва насби таҷзиҳот, умури гумрукӣ, аворизи молиётӣ, таъмини таробарӣ, таробарии колоҳои намойишгоҳӣ, шарту шароити иҷтимоъӣ ва рӯзмарраи ширкаткунандагони намойишгоҳ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳаҷми майдони кулли ғурфаи Тоҷикистон 430 метри мураббаъ хоҳад буд. Барои намойиши колоҳои ҶТ дар ошёни нахуст 230 метри мураббаъ ва барои ҷой додани дафтар, анбор ва сойири сохтмонҳо дар ошёни дувум 200 метри мураббаъ ихтисос хоҳанд дод.

Намойишгоҳи ҷаҳонии "ЭКСПО-2020" сар аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб баргузор хоҳад шуд. Дар таърих нахустин чунин тадбири бузург дар минтақаи Ховари Миёна, АФриқои Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ барпо мегардад.

Дар намойишгоҳ беш аз 180 кишвари ҷаҳон, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз "Дубай ЭКСПО-2020" беш аз 25 миллион тан меҳмон боздид хоҳанд кард, ки 70 дарсади онҳо атбоъи хориҷӣ хоҳанд буд. Ин нахустин намойишгоҳи таърихист, ки аксарияти боздидкунандагон хориҷиён хоҳанд буд.

Барчаспҳо:
ширкат, намоишгоҳи ЭКСПО, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ