12:17 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Раиси шаҳри Душанбе

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тавсиб расид

© Фото : Сайт мэрии города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76520

Қарори ҷадиди раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 404/1 ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Қарори ҷадиди шаҳрдори Душане ба тавсиб расид, хабар додааст шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори ҷадиди раиси шаҳр ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

Дар қарори Рустам Эмомалӣ таҳти рақами 404/1 гуфта мешавад, "бахшида ба ҷашни 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор шавад".

"Рӯзи 30 июни соли 2018, соати 1700 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шавад", — омадааст дар ҳуҷҷат.

Раёсати фарҳанги Ҳукумати Душанбе барои  ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар мусобиқа ӯҳдадор шудаанд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ 48700 (чилу ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ҷудо мекунад.

Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амниятиро дар ҷойи баргузории мусобиқа пурзӯр мекунанд.

Барчаспҳо:
пойга, қарор, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ