Дучархарони 65-сола аз дасти беэҳтиётии ронанда кушта шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПожилой человек на велосипеде, архивное фото
Пожилой человек на велосипеде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи тасодум марди дучархарон ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона вафот кардааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Риоя  накардани тартиботи бехатарии ҳаракат дар роҳ сабаби садамаи маргбор шуд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, дучархарони 65-сола дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Бохтар кушта шуд.

Гуфта мешавад, 29-уми июни соли равон, соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Кабиров Аҳлиддин Бобокалонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Кӯшониён ба самти ш.Бохтар дар ҳудуди н.Кӯшониён, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист.

Ронанда велосипедрон Қуватов Раҷаб Бобоназаровичи 65-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа, Қуватов Р.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0