21:33 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Бозори Султони Кабир, акс аз бойгонӣ

Муттаҳам шудани се нафар дар оташсӯзии бозори "Султони Кабир"-и Душанбе

© Фото: sultoni-kabir.tj
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
249 0 0

Дар сурати собит шудани иттиҳоми онон, додгоҳ метавонад ҳар як аз ин се нафарро ба пардохти ҷаримаи молӣ ба мизони 12 ҳазору 500 сомонӣ ё, ки ду сол зиндон маҳкум кунад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи се нафар аз масъулини бозори "Султони Кабир"-и Душанбе дар пайи шикояти оташнишонон ба иттиҳоми саҳлингорӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба қонунҳои бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.

Ба нақл аз "Парс тудэй", бар асари оташсӯии шаби дуввуми июни соли равон 21 боб дукон ва анборҳои ин бозор туъмаи оташ шуд ва хисоратҳои молии беш аз севуним миллион сомонӣ ба бор овард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегуянд: Ин се масъули бозори Султони Кабир бузургтарин  маркази тиҷории шаҳри Душанбе ба ҳушдорҳое пай дар пайи кормандони идораи оташнишонӣ дар бораи риояти қоидаҳои бехатарӣ таваҷҷуҳ накардаанд ва акнун бояд дар додгоҳ посухгӯ бошанд.

Гуфта мешавад дар сурати собит шудани иттиҳоми онон, додгоҳ метавонад ҳар як аз ин се нафарро ба пардохти ҷаримаи молӣ ба мизони 12 ҳазору 500 сомонӣ ё, ки ду сол зиндон маҳкум кунад.

Муттаҳам шудани ин се нафар, ки масъулини бахшҳои таъмини барқ ва ҳифозати бозори Султони Кабир ҳастанд дар низоми қазоии Тоҷикистон бесобиқа аст.

Барчаспҳо:
бозор, сӯхтор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ