13:30 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Кӯдак, акс аз бойгонӣ

Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

"Корвони саломатӣ" барои кӯмаки тиббӣ ин дафъа ба ноҳияи Рашт равон шуд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа  "Корвони саломатӣ"-и навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Одиназода Азиз Абдусаттор ба ноҳияи Рашт сафарбар гардид.

Дар чорабинии мазкур мутахасисони ботаҷрибаи соҳа аз ҷумла, сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ҷалб гардиданд.

Дар ҷараёни баргузории "Корвони саломатӣ" зиёда аз 3305 нафар сокинони ноҳияи Рашт аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравар гардиданд.

Аз ҷумла 279 нафар аз ташхиси ВНМО ва 419 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон зимни баргузории «Корвони саломатӣ» 80 кӯдак хатна карда шуда, ба 5 нафар кӯдак ҷароҳии чурраи модарзодӣ гузаронида шуда, 170 нафар ҷароҳии чашм карда шуданд. Аз миёни калонсолон низ 4 нафар ҷарроҳӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон 5 адад аробачаи маъюбӣ, 50 адад асо ва 8 ҷуфт пойафзоли ортопедӣ тақдим карда шуд.

Барчаспҳо:
кӯмаки тиббӣ, хатнасур, кӯдак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ