12:44 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Презентация талисмана ЧМ-2018 по футболу

Дар Душанбе ҷашнвораи ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ифтитоҳ шуд

Оргкомитет "Россия-2018"
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

"Фанфест" - ҷойи хубе барои тамошо ва ҳаводории тими дӯстдоштаи сокинон мебошад. Ҳаводорони футбол метавонанд дар он ҷо ҷамъ омада, дастаҳои писандидаи худро ҳаводорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар Душанбе дар майдони 800-солагии Маскав ҷашнвораи ҳаводорони Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ("Фанфест") ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҷашнвора аз ҷониби ФФТ ташкил шудааст. Дар майдони махсус омодашуда сабқатҳои ҷоми ҷаҳон  дар экранҳои калон намоиш дода мешавад.

"Фанфест"- ҷойи хубе барои тамошо ва ҳаводории тими дӯстдоштаи сокинон мебошад. Ҳаводорони футбол метавонанд дар ин ҷо ҷамъ омада, дастаҳои писандидаи худро дастгирӣ кунанд", — менависад дафтари матбуотии ФФТ.

Бино бар иттилои манбаъ, барои иштирокдорони ҷашнвора аскияҳои гуноун ташкил карда мешавад.

"Тамошобинон метавонанд, дар бозиҳои гуногун ширкат карда, тӯҳфаҳои хотирмон гиранд. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки барои ба даст овардани билет ба бозии плей-офф мусобиқа баргузор шавад", — меафзояд манбаъ.

Даромад ба ҷашнвораи Fan Fest ройгон аст.

Барчаспҳо:
ҳаводорӣ, ҷашнвора, ширкат, футбол, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ