16:32 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Бозии кӯдаон, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори ҳавошиносон: дар Тоҷикистон то 41 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

То 6 июл дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ин рӯзҳо пастшавии ҳарорат дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ҳарорат дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мефарояд. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш шуда, шабона ҳарорат ба 15-20 ва рӯзона 35-40 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрноки бебориш гашта, шабона 16+18 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

 

Барчаспҳо:
бебориш, абрнок, тағйирёбанда, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ