09:03 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Душанбе, акс аз бойгонӣ

Пас аз гармиҳо: Тоҷикистонро ҳавои тағйирёбандаву боронӣ интизор аст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда ва боронӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +7+12 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона ҳарорат ба 17-22 ва рӯзона 33-38 дараҷа мерасад.

Сокинони шаҳри Душанберо чун рӯзҳои қаблӣ ҳавои муътадилу қисман абрноки бебориш интизор аст. Шабона 17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
абрнок, тағйирёбанда, борон, обу ҳаво, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ