11:35 22 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Мошини боркаш бо маҳсулот, акс аз бойгонӣ

Боздошти 21 тонн коло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграции
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Колои мазкур тариқи гузаргоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ғайриқонунӣ ба кишвар ворид карда шуда буд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Хадамоти гумруки Қирғизистон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қочоқи 21 тонн маҳсулоти кишоварзиро ошкор карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Хадамоти гумруки Қирғизистон.

"Кормандони гумрук мошини боркашеро, ки ба тарафи вилояти Ботканд равон буд, боздоштанд.  Онҳо аз дохили худрав  маҳсулоти кишоварзиеро ошкор карданд, ки барои содироти он ҳуҷҷате тартиб дода нашуда буд", — таъкид кардааст манбаъ.

Арзиши маҳсулоти кишоварзӣ 166 ҳазор сом (беш аз 22 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Колои мазкур тариқи гузаргоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ғайриқонунӣ ба кишвар ворид карда шуда буд.

Додситонии Ботканд қазияро пайгирӣ мекунад.

Барчаспҳо:
маҳсулот, марз, кишоварзӣ, гумрук, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ