Зубайдзода вазъи Ховари миёнаву Афғонистонро бо шахсияти бонуфузи Кувайт баррасӣ кард

© Министерство иностранных делВстреча Зубайдзода и Шайх Носир Мухаммад ал-Ахмад ал-Джабир ас-Сабах
Встреча Зубайдзода и Шайх Носир Мухаммад ал-Ахмад ал-Джабир ас-Сабах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар мулоқот бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони Кувайт Шайх Носир Муҳаммад ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ масоили нигаронкунандаи минтақаи Ховари миёна ва Афғонистонро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини бо собиқ Раиси Шӯрои Вазирони ин кишвар Шайх Носир Муҳаммад ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар Кувайт ва минтақа, ҳамчунин ходими машҳури сиёсӣ маҳсуб меёбад, мулоқот намуд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, зимни мулоқот тарафҳои вазъияти нигаронкунандаи минтақаи Ховари миёнаву Афғонистонро баррасӣ карданд.

"Инчунин зимни мулоқот тарафҳо атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт, сафарҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт ва таъсири онҳо дар раванди густариши муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуда, бар зарурати кашфи роҳҳои ҷадид ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо таъкид намуданд" — иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тарафҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Кувайт бояд васеътар шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0