Гарми тоқатфарсо: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

CC0 / Pixabay / Девочка на пляже, архивное фото
Девочка на пляже, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Шурӯъ аз 8 то 10 июл дар ҷумҳурӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ворид шудани ҳавои гарм аз Эрон тавассути ҳудуди Туркманистон, Узбакистон ва шимоли Афғонистон гармшавии ҳаво дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзона гармии ҳаво дар Вилояти Хатлон ва Суғд 43 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ 40 ва дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 30 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0