22:36 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото

Ошкоршавии 759 ҳолати вайронкунии қоидаи ҳаракат дар ду ҳафта дар Бадахшон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Ҳамзамон дар ин муддат аз тарафи кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилоят бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 июн то 4 июли соли равон зимни гузаронидани санҷишҳо 759 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.

Тавре Раёсати ВКД дар вилоят хабар медиҳад, ҳачунин 114 адад воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд.

"Афзун бар ин, нисбат ба 190 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд, чораҳои ҷазои маъмурӣ ва санадҳои маъмурӣ оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ татбиқ карда шуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз ин нафарон ба маблағи 10 ҳазору 950 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, воситаҳои нақлиёташон дар ҷаримагоҳ нигоҳ дошта шуданд.

Ҳамзамон дар ин муддат аз тарафи кормандони шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилоят бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Барчаспҳо:
ронанда ғайб зад, ҷарима, ҳаракат, БДА, ВМБК, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ