Дар Тоҷикистон шаш садамаи маргбор дар ду рӯз ҷони 7 касро гирифт

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ин ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, се наврас низ ба ҳалокат расидаанд. Як кӯдаки 5-солаи дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон бистарӣ гаштааст

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ду рӯзи ахир дар роҳҳои кишвар ҳафт кас ҷони худро аз даст додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тайи рӯзҳои 7-8-уми июли соли равон, дар манотиқи ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуда, 7 нафар ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Чунончи, 7-уми июл, тахминан соати 01:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Наҷмиддин Сафарови 26-сола, сокини Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти  Кӯлоб ба самти Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ, ба девори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Салимов Анҷуман, соли таваллудаш 1988, сокини Норак, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ронандае дар ҷануби Тоҷикистон ду хоҳарро дар садама кушт

Худи ронанда,  ва мусофири дигари автомашина Маҳмудов Илҳоми 33-сола ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Як ҳодисаи нохуши дигар, 7-уми июл, тахминан соати 16:30 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи худрави "Хундай-Портер", Қобилов Муҳсинҷон, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Унчии н.Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Расулова Умеда, хонандаи синфи 2-юми Гимназияи ба номи "Арбоб"-ро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

"Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Расулова У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беорхонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Як навраси дигар, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

"8-уми июл, соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Раҳимбоев Юсуфҷон Яқубҷон, соли таваллудаш 1986, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Ғафуров-Овчи-Қалъача" бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Ҷумъаев Абдураҳими 7-сола,  хонандаи синфи 1-уми МТМУ №8-ро, ки аз тарафи чап ба самти муқобили роҳ мегузашт, пахш намудааст", — менависад дафтари матбуотӣ.

Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тасодум дар назди бозори "Саховат": ронандаи “Мерседес Бенс" ду пиёдагардро пахш кард

Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

7-уми июл, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Мардонов Ҷамшед, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Бобомуродов Эмоммаҳдӣ, соли таваллудаш 2003, сокини деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

8-уми июл, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Толибов Ҷура, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, бо худрави "Опел-Астра" бармехӯрад.

"Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Саидов Сафар, соли таваллудаш 1941 ва Ҳалимова Фазила Ташрифовна, соли таваллудаш 1952, сокинони ноҳияи Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд", — афзудааст ВУД.

Хурдсол Сафарова Оиша Мирзоевна, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0