11:27 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Эълони манъи оббозӣ, акс аз бойгонӣ

Баъди ғарқшавиҳо: Кумита роҳҳои наҷотро пешниҳод кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандонро сархушӣ ва шиноварӣ дар мавзеъҳои мамнуъ хонда, камбуди малакаи наҷотдиҳии ҷабрдидагонро мояи нигаронӣ арзёбӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандон ва роҳҳои беҳтарини наҷотро пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилои Кумита, сабаби аслии ғарқшавиҳо дар кишвар пеш аз ҳама шиноварӣ дар ҳолати сархӯшӣ, оббозӣ дар минтақаҳои мамнӯъ ва ҳамчунин набудани малакаҳои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдида мебошад.

КҲФ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар сурати фоҷиа аз тавсияҳои зерин кор гиранд: "Барои он ки ба фоҷеа рӯ ба рӯ нашавед, талош намоед танҳо оббозӣ накунед, дар ҳоли мастӣ вориди об нашавед, ба маконҳои бароятон ношинос наравед, агар шумо беморӣ доред, дур аз соҳил шиноварӣ накунед, бачаҳоро беназорат нагузоред".

Масъулини давлатӣ дар хитоб ба шаҳрвандон зикр кардаанд, ки ҳар одам вазифадор аст ба нафари ғарқшаванда ёрӣ расонад ва роҳҳои наҷотро пешниҳод кардаанд.

"То назди ғарқшаванда аз ақиби вай шино кунед. Агар ин ғайриимкон бошад, ба об ғӯта занед ва бо дасти чап аз зери зонуи пои росташ доред, бо кафи дасти ростатон пои чапашро сахт тела диҳед ва ғарқшавандаро ба пушт гардонед. Дасти худро зери мушаки дасти рости ғарқшаванда гузоред ва даст ва китфи ӯро мустаҳкам дошта, бо ӯ боло шино кунед. Ҷабрдидаро ба ҷойи бехатар кашида баред",- маслиҳат додааст Кумита.

КҲФ дар идома 3 усули берун овардани ҷабрдидаро аз об ироа кардааст. Бар асоси он якум, ҷабрдидаро бо ду даст аз зери манаҳаш дошта, бо пойҳо бо усули брасс ба пушт шино бояд кард. Дуюм, аз пушт дасти худро ба дасти ҷабрдида расонда, бо ангуштони ҳамин даст аз манаҳи ҷабрдида доштан лозим мебошад. Сипас бо усули брасс, ё ба паҳлу тавассути дасти озод ё пойҳо шино бояд кард.

Роҳи сеюм, дар сурате агар ғарқшаванда муқовимат кунад, КҲФ тавсия додааст, ки "дастатонро зери дасти ғарқшаванда андозед. Бо усули брасс ва ё ба паҳлӯ бо дасти озод ва пойҳо шино кунед".

Дар мавриди ёрии аввалияи тиббӣ баъди берун овардани ҷабрдида аз об, КҲФ чунин таъкид намудааст: "Ҷабрдидаро сар ба поён кунед. Даҳонашро пок карда, то решаи забонаш фишор оред. Дар сурати пайдо шудани рефлексҳои қайъкунӣ ва сулфа кӯшиш намоед, ки об аз роҳҳои нафаскашӣ ва меъда пурра  холӣ шавад. Агар ҳаракати қайъкунӣ ва нишоне аз нафаскашӣ пайдо нашуд, пас ӯро ба пушт хобонед ва бо маҳси қафаси дил нафаси сунъӣ диҳед. Бо дидани нишоне аз ҳаёт рӯи ӯро поин оварда, оби ҷамъшударо аз ишкам ва меъда бо роҳи маҳси қафаси сина ва ишкам берун бароред. Сарашро ба қафо хам карда, манаҳи поёни онро поин кунед ва даҳонашро боз намоед, аз тариқи даҳонаш ҳаво ворид созед ва ҳаворо аз он берун кунед. "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват намоед".

КҲФ илова намудааст, ки риояи ин қоидаҳо хавфи ҳалокати одамонро аз байн мебарад. Ин ниҳод афзудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандон фавран бо телефони  223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоянд.

Барчаспҳо:
кумита, оббозӣ, ғарқшавӣ, марг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ